27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Дар «Китоби Теҳрон» 400 номгӯй китоби тозанашр аз Тоҷикистон намоиш дода шуд
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 400 номгӯй китоби тозанашр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ба намоиш гузошта шуд.
Гуфта мешавад, ки китобҳои тозанашри Тоҷикистон иборат аз осори классикӣ ва намунаҳои адибони муосири тоҷик буда, аз ҷумла, осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Хоҷа Ҳофизу Саъдии Шерозӣ, Бедилу Ҷомӣ ва намунаҳои эҷодиёти намояндагони адабиёти муосир, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон пешкаши ҳаводорони китоб гардиданд.
Ҳамчунин, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мавзуъҳои таърихи халқи тоҷик, эъмори давлатдории навини тоҷикон, таҳкими ҳувияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва рисолати забони ноби тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро дар бар мегиранд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки «Китоби Теҳрон» то 17-уми май идома меёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд