Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Баргузории Саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс ба таъхир афтод
Саммити Осиёи Марказӣ – Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ки қарор буд 5-уми май дар шаҳри Самарқанд баргузор гардад, ба муҳлати номаълум ба таъхир гузошта шуд.
“Ҷонибҳо корҳои муштаракро дар хусуси мушаххас намудани санаи нави баргузории Саммит дар асоси машваратҳои дуҷониба идома медиҳанд. Дар бораи сана ва ҷузъиёти дигари Саммит баъдан хабар дода мешавад” – зикр мекунад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъкид кардааст, ки корҳо дар хусуси таҳкими гуфтугӯ ва ҳамгироиву шарикӣ дар доираи формати мазкур идома меёбад.
Қобили зикр аст, ки нахустин Саммити Осиёи Марказӣ – Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир шуда буд.
Ба ҳайати ин Шуро шаш кишвари арабӣ шомиланд, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн, Уммон ва Қатар.
Қаблан гузориш шуда буд, ки коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс дар як форум дар Тошканд мулоқот анҷом доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад