


Салоҳиятҳои Саида Мирзиёева дар сохтори давлатии Ӯзбекистон афзоиш ёфт

Бо номи мустаъор саҳифа накушоед. Масъули саҳифаи “zevarzoda_fors” боздошт шуд

Тандурустӣ: Омӯзишу таҷрибагирии 192 мутахассиси соҳа дар хориҷи кишвар

Шартномаи нав ва рақами ифтихорӣ. Давоми роҳи Ламин Ямал дар “Барселона”
Табибони Саудӣ дар Тоҷикистон 65 амали ҷарроҳии дили ройгон анҷом медиҳанд
Як гурӯҳи табибон аз Арабистони Саудӣ барои анҷом додани лоиҳаи башардӯстона дар соҳаи ҷарроҳӣ ва катетеризатсияи дил ба шаҳри Душанбе омада, ҷарроҳии дилро барои калонсолон анҷом медиҳанд.
Ин ташаббус аз сӯйи Маркази кумаки башардӯстонаи Подшоҳ Салмон дар ҳамкорӣ бо Лигаи ҷаҳонии мусалмонӣ ва бо пуштибонии Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Бар асоси иттилои Сафорат, дар доираи ин лоиҳа тақрибан 65 ҷарроҳии муосир, аз ҷумла ҷарроҳиҳои дил дар ҳолати кушод ва амалиёти катетеризатсия гузаронида хоҳад шуд. Ин кумаки тиббӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба табобати махсуси бемориҳои дилу рагҳои хунгард сахт ниёз доранд, расонида мешавад.
Рӯзи 28-уми апрел дар беморхонаи ҷумҳуриявии Истиқлол нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валиаҳд ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти беморхона ва гурӯҳи табибони Саудӣ бо сарварии ҷарроҳи маъруфи дил, профессор Усмон ал – Усмон иштирок карданд.
Сафири Арабистони Саудӣ дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ин рисолат то 6-уми майи соли равон идома хоҳад ёфт.
“Ҳадафи лоиҳа гузаронидани тақрибан 65 амали ҷарроҳии махсус мебошад, аз ҷумла ҷарроҳиҳои дил дар ҳолати кушод ва катетеризатсия, ки дар ҳамкорӣ бо табибони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешаванд. Ин ҳамкории ҷарроҳони кишвари мо барои расонидани кумаки ҳаётбахш ба шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудааст, ки ба чунин дастгирӣ ниёзи шадид доранд” – афзуд сафири Арабистони Саудӣ.
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва гурӯҳи волонтёрони табибон барои кумак, мубодилаи таҷриба ва татбиқи технологияҳои пешрафта дар низоми тиббии кишвар изҳори сипос намуд.
“Мо саҳми табибони Саудиро дар рушди соҳаи ҷарроҳии дил дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунем, ки ин ба беҳтар шудани сифати табобат ва кӯтоҳ шудани муҳлати барқароршавии беморон мусоидат мекунад” – гуфт Ғафур Муҳсинзода.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мавҷи гармо дар Аврупо: Ҳудуди 2300 нафар дар 12 шаҳр ҷони худро аз даст доданд
Дар Тайланд писарбачаи 8-солае пайдо шуд, ки дар зери тарбияи сагҳо ба воя расидааст
Ду ноболиғи бепарастори тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
Нархи ҳама намуди визаҳои амрикоӣ дар соли 2026 қимат мешавад
