Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Баҳси мубориза бо мушкилиҳои минтақавӣ дар суҳбати вазирони Осиёи Марказӣ бо Чин
Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шаҳри Алмаато, пойтахти Қазоқистон бо ҳадафи тақвияти гуфтугӯҳои сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мутақобила бо чолишҳои минтақавӣ баргузор гардид.
Расонаҳои қазоқистонӣ хабар доданд, ки Алмаато мизбони шашумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин буд. Дар ин нишаст рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, густариши ҳамкориҳои транзитӣ, мубориза бо таҳдидҳои минтақавӣ ва таблиғи рушди устувор ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мурат Нуртлеу, муовини аввали президент ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, Жинбек Қалбаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва намояндаи Туркманистон ширкат намуданд.
Дар ин нишаст ҷонибҳо дар хусуси пешниҳод барои баланд бардоштани сохтори ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин гуфтугӯ намуданд. Онҳо зарурати истифодаи роҳҳои мутавозин барои мубориза бо проблемаҳои ҷаҳонии навро таъкид намуданд.
“Мо ҳама шароитҳоро барои табдил додани ин чаҳорчӯб ба яке аз намунаҳои пешрафт ва ҳамкории Осиёи Марказӣ фароҳам овардем ва дар нишасти оянда бо роҳбарон марҳилаҳои нави ҳамкорӣ ва некӯаҳолии муштаракро мушаххас хоҳем кард” – иброз дошт Мурат Нуртлеу, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад