


Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид

Дар Душанбе Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “диалоги зиддитеррористӣ” доир кард

Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”

Чин ва Ӯзбекистон мехоҳанд роҳи оҳани бисёрсамтаи Осиёи Марказиро густариш диҳанд
Роҳбарони ниҳодҳои амниятии Осиёи Марказӣ нисбати таҳдидҳо ва терроризм муборизаи муштарак мебаранд
Раисони кумитаи амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба созиш расиданд, ки вобаста ба таҳдидҳо ҳамкориҳои муштаракро ба роҳ монда, машваратҳои доимӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ доир кунанд.
24-уми апрел дар шаҳри Тошканд барои аввалин бор дар таърих мулоқоти роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар ин музокирот роҳбарони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат карданд.
Бар асоси иттилоъ ҳадафи асосии ин мулоқот таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи амният ва ҳамоҳангсозии усулҳо дар мубориза бо таҳдидҳои асосӣ буд. Мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин, ҷинояткории фаромиллӣ мавзӯи аслии суҳбати роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ буд.
Тақвияти амният дар шароити афзоиши таҳдидҳо аз ҷониби минтақаҳои ноором низ яке аз мавзуъҳои афзалиятноки баррасишуда дар суҳбати роҳбарони ниҳодҳои амниятии минтақа буд.
Роҳбарони ниҳодҳои амниятии Осиёи Марказӣ ба маълумоти таҳлилӣ мубодила карда, аҳмияти эътимодсозӣ миёни кишварҳоро зикр карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки чунин машваратҳо мунтазам баргузор гардад.
Мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки якчанд рӯз қабл Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба Тошканд омада, форматҳои ҳамкории ғарбӣ дар минтақаро танқид кард. Ӯ изҳор дошт, ки ҳар гуна ташаббус дар Осиёи Марказӣ бояд барои ҳамаи ҷонибҳо судманд бошад ва зери фишори идеологӣ қарор надошта бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Меҳрнигори Рустам: “Агар суруди миллиро намедонистам...”
Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”
Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони корхонаи сурмаи Айниро расман эълон намуданд
Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид
