Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон ва Эрон бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мубориза мекунанд
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо як сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омад бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мулоқот намуд.
Вазирони ду кишвар дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизро баррасӣ карданд.
Ду ҷониб ба муборизаи муваффақона бар зидди ҷиноятҳо, мубодилаи иттилооти оперативӣ, густариши ҳамкории мутақобил дар бахши таълим ва гузаронидани машқҳои муштарак таъкид карданд.
Дар ин мулоқот вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминӣ санади муҳимми ҳамкориҳои амниятӣ ба имзо расониданд. Ин санад бар асоси созишҳои бадастомада аз сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар соли гузашта таҳия шуда, ба ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои минтақавӣ ва фаромиллӣ тамаркуз дорад.
Искандар Муъминӣ дар ҷараёни имзои созишномаи муҳимми амниятӣ афзуд: “Ин санади ҳамкорӣ як санади муҳим аст, ки бо ҳадафи татбиқи барномаҳои сафари доктор Пизишкиён ба Тоҷикистон таҳия ва имзо шудааст”.
Вазири эронӣ изҳори умедворӣ кард, ки бо иҷрои ин санади ҳамкорӣ шоҳиди тақвияти амнияти бештар дар ҳар ду кишвар хоҳад шуд, зеро он ба мавзуъҳои муштарак чун мубориза бо терроризм, маводи мухаддир ва ҷиноятҳои минтақавию фаромарзӣ дахл дорад.
“Илова ба соҳаҳои иқтисодӣ ва амниятӣ, тавсиаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, ки бахше аз он тавлиди филм ва сериалҳоро дар бар мегирад, метавонад ду кишварро аз лиҳози фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба ҳам наздиктар созад” – гуфт Искандар Муъминӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд