Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
“Занги хатар барои Осиёи Марказӣ”. Ҷангҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Афғонистон сангар гирифтаанд
Рӯзномаи “Экономик таймз” навишт, ки зуҳури исломгароён аз Осиёи Марказӣ, ки дар ҷангҳои Сурия ширкат доштанд, дар Афғонистон мушоҳида шудааст. Бар асоси навиштаи ин рӯзнома ҳузури ҷангҷӯёни исломгаро занги хатари ҷиддиро барои минтақа, Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ба садо даровардааст.
Бар асоси иттилои рӯзнома исломгароён аз Сурия омада, дар вилоятҳои Бадахшон, Бағлон ва Ҳирот мавқеъ гирифтаанд ва амнияти маҳаллиро таҳдид мекунанд. Дар миёни онҳо на фақат шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, балки шаҳрвандони кишварҳо арабӣ низ мушоҳида шудаанд.
Рӯзнома таъкид мекунад, ки таъсири манфии ҳузури онҳо ба кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сироят мекунад. Бар асоси навиштаи рӯзнома Қирғизистон бо вуҷуди он ки бо Афғонистон марзи муштарак надорад, аз афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ нигарон буда, дар ибтидои соли ҷорӣ аз кӯшиши ду табадуллоти давлатӣ пешгирӣ кардааст, ки аз хориҷ ҳидоят мешуданд.
Рӯзномаи “Экономик таймз” менависад, ки гурӯҳи террористии ДОИШ талош дорад, то ҳузури худро дар минтақаи Афғонистон ва Покистон тақвият кунад ва ҳадафаш ҳамла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Гузоришҳое низ нашр шудаанд, ки нишон медиҳанд, ДОИШ дар минтақаи Балуҷистони Покистон бо пуштибонии артиши ин кишвар таълим мебинад.
Бар асоси гузориш гурӯҳи террористии Ҳизб-ут-таҳрир, ки ҳоло дар сохтори ҳукумати Бангладеш фаъол аст, дар Қирғизистон низ нуфуз кардааст. Ӯзбекистон вазъият дар марзҳои Афғонистон бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро бо диққат пайгирӣ мекунад, зеро аз эҳтимоли бозгашти Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон нигарон аст. Ҳаракате, ки эҳтимол дорад баъди ба сари қудрат расидан дар Сурия ва сари кор омадани Ҳизб-ут-таҳрири аш-Шом дубора фаъол шавад.
Муваффақияти ахири исломгароён дар Сурия барои ифротгароёни Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон илҳомбахш шудааст. Бар асоси як гузорише, ки дар моҳи январ нашр шуд, Сайфиддин Тоҷибоев, шаҳрванди Тоҷикистон ба артиш ва ҳайати роҳбарии исломгароёни сураягӣ пайваста ва эҳтимолан ба як шахсияти калидӣ дар фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад