Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Музокироти нокоми мақомоти исроилӣ бо Стив Уиткофф дар бораи Эрон
Расонаҳои исроилӣ бо нигаронӣ аз оғози музокироти Эрону Амрико навиштанд, ки раиси Созмони ҷосусии Исроил Девид Барнеа ва вазири корҳои стратегии ин кишвар барои тағйир додани стратегияи музокироти Стив Уиткофф, намояндаи хоси президенти Амрико Доналд Трамп ноком шудаанд.
Бар асоси навиштаи рӯзномаи “Ҷерузалим пост”, раиси Моссад ва вазири корҳои стратегии режими Исроил бо Стив Уиткофф рӯзи ҷумъа дар шаҳри Париж мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқот онҳо натавонистанд назари намояндаи Доналд Трампро барои стратегияи музокирот тағйир диҳанд.
Ин рӯзнома менависад, ки вокуниши хушбинонаи Эрон ба даври дуюми музокирот, худдорӣ кардани Амрико аз ифшои баъзе ҷузъиёти гуфтугӯҳо, мушаххас кардани даври сеюми музокирот барои ҳафтаи оянда ва дигар масъалаҳо нишон медиҳад, ки Барнеа ва Дермер дар тағйир додани назари Стив Уиткофф муваффақ нашудаанд.
Тибқи гузориши рӯзнома дар гузашта Барнеа ва роҳбарони пешини Моссад - Юси Коэн, Тамир Пардо, Меир Даганр ва дигарон гоҳ-гоҳ бо пешниҳоди иттилоот ва иддаоҳои нав дар бораи Барномаи атомии Эрон талош мекарданд, ки мақомоти аршади амрикоиро дар лаҳзаҳои калидӣ боварманд созанд, то мавқеи худро тағйир диҳад. Мақомоти исроилӣ қаблан тавониста буданд, ки назари мақомоти амрикоиро барои шадидтар кардани ҷузъиёти музокироти Амрико бо Эрон тағйир диҳанд.
“Ҷерузалим пост” иддао кардааст, ки дар моҳи апрели соли 2021 интизор мерафт ҳукумати президенти пешини ИМА Ҷо Байден бо як созиши атомии нав ва сареъ бо Эрон розӣ шавад ва назари ҳайати исроилиро нодида гирад. Баъди музокироти шахсии Юси Коэн бо Ҷо Байден Амрико дар мавриди снетрфуружаҳои пешрафтаи Эрон ва дигар ҷузъиёти созишномаи атомии соли 2015 мавқеи шадидтареро пеш гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка