Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Трамп ба Исроил иҷозат надод ба Эрон ҳамла кунад
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба ҳамлаи барномарезишудаи Исроил ба Эрон розӣ нашуда, онро ба таъхир андохтааст.
Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” дар як гузориши худ ба нақл аз сарчашмаи маҳрамона дар дохили ҳукумати Амрико навишт, ки Исроил барои ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон дар моҳи май омода мешавад.
Тибқи гузориш, ин ҳамла барои он тарҳрезӣ шуда буд, ки дастёбии Эрон ба силоҳи атомиро то як сол ё бештар аз он ба таъхир андозад.
Сарчашмаҳои “Ню-Йорк таймз” гуфтаанд, ки муваффақияти ин амалиёт ба кумак ва дастгирии Амрико вобаста аст.
Доналд Трамп пас аз моҳҳо машрават бо ҳамкоронаш пеши роҳи амалиёти Исроилро гирифт, то музокироти сиёсӣ ба натиҷа расад.
Исроил низ аз ҳамлаи барномарезишудаи худ дар замони мушаххас даст кашидааст, зеро ҳам дар иҷрои амалиёт ва ҳам дар муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолии ҷавобии Эрон ба ҳамкории Амрико ниёз дорад.
Сарвазири Исроил қаблан гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба бомбаи атомӣ неругоҳҳои атомии ин кишварро хоҳ бо кумак ё бидуни кумаки Амрико нобуд мекунад. Ҳукумати Амрико афзал донистааст, ки ин масъала аз тариқи роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад.
Намояндагони Эрон ва Амрико рӯзи шанбе дар Уммон мулоқот намуданд ва дар назар аст, ки ҳафтаи оянда дар Рим пойтахти Италия музокироти навбатии Амрико ва Эрон баргузор шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка