Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Кишварҳои узви СААД аз таҳдидҳои шимоли Афғонистон нигаронанд
Сухангӯи Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, кишварҳои узви Созмон нисбат ба вазъияти Афғонистон ва таҳдидҳое, ки аз вилоятҳои шимолии ин кишвар сарчашма мегиранд, боиси нигаронии ҷиддиянд. Ӯ ба тақвияти ҳамоҳангиҳои минтақавӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир таъкид кард.
Наталя Харитонова, сухангӯи ин созмон дар як мусоҳиба бо рӯзномаи русии “Известия” гуфтааст: “Афғонистон сарчашмаи таҳдидҳои марбут ба терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир аст”.
Ӯ илова кард, ки кишварҳои узви Созмон дар пайи таҳияи барномаҳои ҳадафманд барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шудаанд.
Дафтари матбуотии созмони мазкур рӯзи 15-уми апрел эълон кард, ки кишварҳои узви Созмон аз вазъияти Афғонистон ва таҳдидҳои фазоянда аз вилоятҳои шимолии он изҳори нагаронӣ доранд. Наталя Харитонова дар суҳбат бо рӯзномаи “Изветсия” гуфт, Афғонистон ҳамчун “сарчашмаи таҳдидҳои вобаста ба терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои маводи мухаддир” шинохта мешавад.
“Ҳампаймонҳо ба вазъияти Афғонистон ва таҳдидҳои фазоянда аз вилоятҳои ҳамсарҳад бо минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронӣ доранд. Дар натиҷаи ин нигарониҳо кишварҳои узв тақозо доранд, ки ҳамоҳангиҳои минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир тақвият ёбанд” – афзуд сухангӯи СААД.
Наталя Харитонова таъкид кард, ки иҷрои барномаи давлатии ҳадафманд миёни кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аҳмияти хос дорад. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Эмангули Тасмагаметов, Дабири кулли Созмон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ анҷом дода, дар мавриди амнияти сарҳадҳо табодули назар карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад