Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Дабири кулли СААД бо роҳбарони блоки низомии Тоҷикистон масъалаи амнияти сарҳадиро баррасӣ кард
Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ Эмангали Тасмагамбетов рӯзи 11-уми апрел бо Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, котиби Шурои амнияти Тоҷикистон, Юсуф Аҳмадзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаи таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ кард. Дар ин хусус сомонаи СААД хабар додааст.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаи таҳким додани амният дар минтақаи зери нуфузи СААД-ро муҳокима намуданд. Дабири кулли СААД роҳбарони блоки низомии Тоҷикистонро дар хусуси раванди омодагӣ ба ҷаласаҳои наздиктарини мақомоти оинномавии СААД, ки дар моҳҳои наздик баргузор мегардад, огоҳ намуд.
“Таваҷҷуҳи асосӣ ба зурурати ҳалли вазифаҳои мушаххас, ки ба марҳилаи аввали Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон марбут аст, равона гардид”- зикр шудааст дар сомонаи СААД.
Ду ҷониб натиҷаи мулоқотҳои коршиносӣ ва дигар чорабиниҳое, ки қаблан дар борои барномаҳои СААД сурат гирифт буд, мусбат арзёбӣ намуда, дар хусуси густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ қабл роҳбарони СААД барномаи татбиқи “камарбанди амниятӣ” дар саҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро қабул намуданд, ки марҳилаи иҷрои нахустини он дар соли 2025 оғоз мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад