4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:43, Душанбе
11.04.2025 11:22

«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид

10-уми апрел дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Китоб ҳамчун рукни асосии тарбияи насли наврас» баргузор гашт ва зимни он масъалаи рушди адабиёти бачагона баррасӣ гардид.

Дар ҳамоиши мазкур лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид, ки умед аст, ҷиҳати рушди адабиёти бачагона дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, дар нишасти мазкур аз таъсиси Муассисаи давлатии нашриявии «Адабиёти бачагона» гуфта шуд, ки ин ҳам барои беҳбудии адабиёти бачагона дар кишвар равона шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши доир ба чопи китобҳои бадеӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ва баланд бардоштани қобилияти эҷодии кӯдакону наврасон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо