Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Вакили парлумон: “Эрон барои қудрати боздорандагӣ бояд бомбаи атомӣ дошта бошад”
Як вакили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пасманзари таҳдидҳои пай дар пайи Амрико ва Исроил гуфтааст, ки Эрон барои муқобила бо таҳдидҳои рӯзафзун бояд силоҳи атомӣ дошта бошад.
Аҳмад Нодирӣ, вакили парлумони Эрон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки идеяи боздорандагии Эрон рӯз аз рӯз тарафдорони бештар пайдо мекунад. Ба гуфтаи ин вакил, навобаста аз он ки президенти Амрико кӣ ҳаст, ҳамеша бо гузинаи низомӣ Эронро таҳдид мекунад. Ин вакили Эрон изҳороти худро баъди таҳдидҳои Амрико матраҳ намудааст.
Қаблан, Алии Лориҷонӣ, мушовири Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари Эрон гуфта буд, ки бояд фатвои ҳаром будани сохтани бомбаи атомӣ бекор шавад ва Эрон барои эҷоди қудрати боздорандагӣ ба силоҳи атомӣ ниёз дорад.
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дархости Доналд Трамп, президенти Амрико барои оғози музокираи мустақим баҳри ҳалли масъалаи атомӣ посухи рад дод ва гуфт, ки дар шароити таҳдид Эрон бо Амрико музокираи мустақим анҷом нахоҳад дод.
Аббос Ироқчӣ дирӯз эълон кард, ки Эрон ба шарти бекор шудани таҳримҳои якҷониба ҳозир ба музокираи ғайримустақим бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Ӯ гуфт, ки дар шароити таҳдид ва зӯргӯӣ Эрон бо музокираи мустақим мухолиф аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка