Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 12 миллиард доллар ҷудо мекунад
Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби барномаи “Дарвозаи глобалӣ” (Global Gateway) як бастаи сармоягузории 12 миллард евроиро омода кардааст. Дар ин хусус, рӯзи 4-уми апрел раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен дар нишасти “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” хабар дод.
Урсула фон дер Ляйен дар нишасти ёдшуда суханронӣ намуда, афзуд, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар чор самти афзалиятнок ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд.
“Бо мақсади суръат бахшидани рушд имрӯз бо ифтихор эълон мекунам, ки бастаи сармоягузории “Global Gateway” ба маблағи 12 миллиард евро омодааст. Ин маблағҳо аз Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он ҷалб мешавад. Мо инро равиши Team Europe меномем. Ин иқдом ба оғози як ҷараёни нави лоиҳаҳо дар Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт. Ин воқеан оғози як даврони нав дар дӯстиҳои деринаи мост” – мегӯяд Урсула фон дер Ляйен.
Гуфта шудааст, ки аз 12 миллиард еврои ҷудошуда 3 миллиарди он ба соҳаи нақлиёт, 2, 5 миллиард ба соҳаи ашёи хом, 5, 4 миллиард ба соҳаи энергетика ва 100 миллион евро барои рушди интернети моҳвораӣ дар Осиёи Марказӣ тааллуқ дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад