Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Марде дар Қазоқистон масҷиди сохтаашро ба фурӯш гузошт. 10 сол боз касе намехарад
Як сокини деҳаи Узинағази вилояти Жамбили Қазоқистон бо номи Бекболат Жансеитов масҷиди 30 сол қабл сохтаашро ба фурӯш гузоштааст. Беш аз 10 сол боз ин масҷид харидор пайдо намекунад.
Бекболат Жансеитов 30 сол қабл, дар соли 1993 бо фурӯхтани хонаи шахсӣ ва харҷи ҳама дороиҳояш сохтмони масҷидро оғоз намудааст. Сохтмони масҷид аз соли 1993 оғоз шуда, соли 2000-ум ба анҷом расидааст.
Бекболат Жансеитов дар соли 2000-ум корҳои идоракунӣ ва расмиро ба Идораи динии мусалмонони Қазоқистон месупорад ва орзу доштааст, ки хизматҳои ӯ фаромӯш намешавад.
Соли 2023 масҷиди мазкур расман ба номи ДУМК сабти ном мешавад, ки дар он Бекболат Жансеитов ҳеч гуна мақоми ҳуқуқӣ надорад. Ӯ мегӯяд, ки дар тӯли ин солҳо тақрибан 20 миллион танга (пули қазоқӣ) –ро барои сохтмони он харҷ кардааст.
“Ман ҳама чизамро бахшида будам, то хонае барои ибодати мардум бунёд кунам. Ҳоло бошад, на номи ман дар ягон санад ҳаст ва на хизматам эътироф мешавад”- таъкид мекунад Бекболат Жансеитов дар суҳбат бо расонаҳо.
Бекболат Жансаитов талаб дорад, ки мақомот ба доди ӯ расидагӣ кунанд ва адолат барқарор шавад. Ӯ худро танҳо ва бе пуштибон медонад ва мегӯяд, ки ҳеч кас ба додаш намерасад.
Хабари фурӯши масҷиди мазкур бори нахуст дар соли 2013 расонаӣ шуд ва дар он вақт дар ҷомеа баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд.
Ба навиштаи расонаҳои қазоқӣ Бекболат Жансеитов дар ибтидо тоҷири муваффақ буд. Ӯ соли 1993 сохтмони масҷидро оғоз намуд, аммо шароите пеш омад, ки ба анҷом расондани сохтмон ғайримумкин шуд.
Бар асоси гуфтаи Бекболат Жансеитов дар солҳои 90-ум раиси онвақтаи вилояти Турғай ва имоми маҳаллӣ бо пешниҳоди бунёди масҷид ба назди ӯ омада буданд. Бо ташаббуси Бекболат Жансеитов барои вилоят якбора се масҷид, дар минтақаи Арқалиқ, деҳаи Амантогай ва деҳаи Турғай бунёд шуд.
“Онҳо гуфта буданд, мехоҳанд дар шаҳр масҷид созам. Мо шартнома имзо кардем ва ман ба сохтмон оғоз намудам. Вале онҳо барои кори мо маблағ пардохт накарданд. Бинобар ин, ман сохтмони масҷидро ба анҷом нарасонидам. Онҳо барои сохтмони масҷид як бунёд ташкил намуда, аз мардум пул ҷамъ карданд. Имоми маҳаллӣ ҳамаи маблағҳоро гирифт ва аз шаҳр рафт” – мегӯяд Бекболат Жансеитов.
Бекболат Жансеитов мегӯяд, ки моҳи декабри соли 2024 ҳокими феъоли вилоят Кумар Аксақалов ба ӯ пешниҳод намуд, ки масҷидро ба давлат супорад.
“Ҳокими вилоят гуфт: “Шумо онро ба мо диҳед, хато намекунед, ба шаҳрдорӣ ҳадя кунед”. Барои сохтмони ин бино ҳеч кас бо ман ҳисоб накарда буд. Ба ман гуфтанд, ки агар ман масҷидро бидиҳам, онҳо ба ман кумак мекунанд. Ман барои он як копейка ҳам нагирифтам. Ман наметавонам барои худ нафақаи хуб таъйин кунам. Чунки пасандоз надорам. Пасандози ман ҳамин масҷид аст” – мегӯяд ӯ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад