Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Нуфузи Қатар дар Исроил. Мушовирони Натаняҳу ба “ҷосусӣ” гумонбар мешаванд
Мақомоти полиси Исроил ду мушовири сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳуро бо гумони таблиғи мусбати симои Қатар дар Исроил ва гирифтани маблағҳои ҳангуфт боздошт намуданд.
Ҷонатан Орич, мушовири пешини расонаҳо ва Эли Фелдштей, сухангӯи пешини Сарвазири Исроил бо навиштани мақолаҳо ва таблиғот ба манфиати кишвари Қатар муттаҳам шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо бар ивази гирифтани маблағ кӯшиш мекарданд, ки симои мусбати Қатарро дар Исроил бисозанд. Ин ду нафар дар тими музокиракунандаи ҳукумати Исроил бо мақомоти Қатар, Миср ва Амрико қарор доштанд.
Расонаҳои исроилӣ навиштанд, ки дафтари сарвазир Бенямин Натаняҳу бори дигар ба иттиҳоми фасод рӯ ба рӯ шуд ва ин расвоии бузург дар арсаи сиёсати ин кишвар аст.
Парвандаи фасоди мушовирони сарвазири Исроил бо номи “Қатар-гейт” нигарониҳои шаҳрвандони ин кишварро ба вуҷуд овардааст. Шаҳрвандони Исроил нигаронанд, Қатар, ки ҳомии Ҳамос аст, бо Исроил муносибатҳои расмии дипломатӣ надорад ва дар радаҳои нахусти ҳукумат дар Тел-Авив нуфуз кардааст.
Қатар иддаои Исроил дар робита ба ҳомии Ҳамос буданро ҳамеша рад карда, таъкид мекунад, ки аз Ҳамос ҳимоят намекунанд.
Мақомоти амниятии Исроил бо шубҳа ба ниятҳои Қатар менигаранд, зеро дафтари асоси роҳбарони Ҳамос дар Қатар қарор дорад. Шабакаи телевизиони “Ал-Ҷазира”, ки аз сӯйи Қатар сармоягузорӣ мешавад, низ аз ҷониби мақомоти Исроил сухангӯи Ҳамос номида мешавад. “Ал-Ҷазира” борҳо ин иддаои мақомоти исроилиро рад кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка