Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Ӯзбекистон мехоҳад бо Тоҷикистон ва Қирғизистон “халқаи тиллоӣ”–и сайёҳӣ ташкил кунад
Мақомоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки “Халқаи тиллоии сайёҳии водии Фарғона” ташкил карда шавад. Дар ин хусус, хадамоти матбуоти Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Тибқи иттилоъ, ин ниҳод як қатор пешниҳодҳоро барои ташкили фазои ягонаи сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ таҳия намудааст. Дар доираи ин ташаббус сайёҳон метавонанд ба чанд кишвари минтақа сафар кунанд ва бо таърихи муштарак ва фарҳанги гуногуни миллатҳо шинос шаванд.
“Ташкили “Ҳалқаи тиллоии сайёҳии водии Фарғона боздид аз мамнуъгоҳҳои нодири табиӣ, силсилакӯҳҳо, кӯлҳо ва инчунин, мавзеъҳои таърихии шаҳрҳои қадим ва ҷойҳои дидании дигари Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бар мегирад” – зикр мешавад дар иттилоияи Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон.
Ӯзбекистон ҳамчунин, пешниҳод намудааст, ки масири муштараки фарҳангӣ-сайёҳии “Наврӯз дар қалби Осиёи Марказӣ” ташкил дода шавад, ки гузаронидани чорабиниҳои наврӯзиро дар минтақа муттаҳид мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад