Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Белгия 108 миллион доллари Гулнора Каримоваро ба Ӯзбекистон медиҳад
Прокуратураи Брюссел ба идораи Маркази менеҷмент ва мусодираи амвол дастур дод, ки 108 миллион доллари мусодирашудаи Гулнора Каримова ба давлати Ӯзбекистон интиқол дода шавад. Бар асоси ин қарор, 108 миллион доллари дигари Гулнора Каримова аввал ба хазинаи Белгия гузаронида мешавад.
“Ин маблағҳо расман ба манфиати давлати Белгия мусодира шудаанд” – таъкид мешавад дар изҳороти Прокуратураи федералии Белгия.
Мақомоти Ӯзбекистон бо далели фасод, гирифтани комиссияҳои ғайриқонунӣ дар вақти бастани шартномаҳои телекоммуникатсионӣ ва қонунигардонии маблағҳои ғайриқонуниро ошкор кардааст. Мақомоти судии Ӯзбекистон бар асоси конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди фасод аз Прокуратураи Брюссел кумаки ҳуқуқии ҷаҳонӣ дархост кардаанд. Бо дархости мақомоти ӯзбек дар Белгия 200 миллион доллари Гулнора Каримова мусодира гардид. Ин маблағҳо аз сӯйи суди Брюссел бо фоизҳои муайяншуда мусодира карда шуд.
“Суд қарор кард, ки дороиҳои мусодирашударо миёни ду давлат тақсим кунад: бо истифода аз механизми тақсими маблағҳо миёни кишварҳо. Бар асоси қарор 108 миллион доллар ба Ӯзбекистон интиқол дода мешавад” – зикр шудааст дар изҳороти Прокуратураи федералии Белгия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад