Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Вазири хориҷии Фаронса: Ҷанг бо Эрон дар сурати нокомии атомӣ ногузир аст
Жан – Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса гуфт, ки агар созишнома оид ба ҳалли масъалаи атомии Эрон ба имзо нарасад, ҷанги низомии Амрико бо Эрон наздик мешавад. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса дар ҷаласаи Кумитаи парлумон оид ба корҳои хориҷӣ ҳушдор дод.
Жан Ноэл Барро гуфт, ҳадафи асосӣ расидан ба созише аст, ки маҳдудиятҳои дарозмуддатро барои назорати барномаҳои атомии Эрон муқаррар намояд. Ӯ ҳушдор дод, вақт кам мондааст ва муҳлати эътибори созишномаи пешин, ки даҳ сол қабл имзо шуда буд, дар моҳҳои наздик ба поён мерасад. Вазири корҳои хориҷии Фаронса ҳушдор дод, ки агар созиш ҳосил нашавад, минтақаро ноамнӣ фаро мегирад.
Изҳороти вазири Фаронса дар ҳоле садо медиҳад, ки чанде қабл Доналд Трамп гуфт, агар Эрон созиш накунад, бомбаборон хоҳад шуд.
Мақомоти расмии Эрон таҳдидҳои Доналд Трампро маҳкум намуда, гуфтаанд, ки дар шароити зургӯӣ ва фишори ҳадди аксар музокира нахоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка