Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Қарори нави Муҳаммад ибни Салмон. Занони Арабистон акнун метавонанд “бурқаъ” ва “ҳиҷоб” напӯшанд
Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ қарор содир кард, ки минбаъд занони Арабистони Саудӣ дар интихоби пӯшиши либос озоданд ва метавонанд либоси дилхоҳи худро бипӯшанд. Ин қарор ба занони Арабистон иҷозат медиҳад, ки бар хилофи қонунҳои анъанавии роиҷ дар ин кишвар “бурқаъ” ва “ҳиҷоб” напӯшанд.
Қарори ислоҳотхоҳонаи нави валиаҳди Арабистони Саудӣ дар доираи барномаи ислоҳоти иҷтимоӣ, барои маҳдудиятҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар амалӣ мешавад.
Бар асоси ин қарор, занони Арабистон метавонанд бе иҷозати мардон дар хусуси либоспӯшии худ тасмим гиранд. Ин ислоҳот дар чорчӯби ислоҳоти густурда барои модернсозии ҷомеаи Арабистон анҷом дода мешавад.
Қабл аз ин, занони Арабистони Саудӣ маҷбур буданд, ки “абоя”, “бурқаъ”, “ҳиҷоби сип-сиёҳ” ва рӯсарӣ бипӯшанд. Бо ин қарор ва ислоҳоти нав интихоби навъу ранги либос бар уҳдаи худи занон вогузор шудааст, ки ин метавонад чун нишонаи тағйироти иҷтимоӣ дар Арабистони Саудӣ маънидод шавад.
Ин дар ҳолест, ки дар бархе шаҳрҳои ин кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина ҳанӯз ҳам маҳдудиятҳои либоси занон боқӣ мондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка