3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:35, Душанбе
31.03.2025 22:50

Абдулризо Фараҷирод: «Интиқоли оби Тоҷикистон аз роҳи Афғонистон ба Эрон бузургтарин хидмат ба мардуми Эрон аст»

Дар пасманзари хушксолиҳо ва камбуди шадиди об дар Ҷумҳурии Исломии Эрон расонаҳои ин кишвар мавзӯи солҳо фаромӯшшудаи масъалаи интиқоли оби Тоҷикистон ба ин кишварро дубора матраҳ кардаанд. Рӯзномаи “Иттилоот”-и Эрон бо такя ба мусоҳибаи сафири пешини Эрон дар Норвегия -  Абдулризо Фараҷирод, ки масъалаи интиқоли оби Тоҷикистон аз роҳи Афғонистону Туркманистонро баррасӣ кардааст, навишааст, ки он метавонад мушкилоти камобии Эронро ҳал намояд.

“Тоҷикистон кишвари кӯҳистонист ва сероб аст ва аз ҷумлаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки оби изофӣ дорад. Тақрибан, 20 сол қабл намояндагони вилоятҳои Хуросон, Сиистон, Балуҷистон, Кирмон ва Симнон дар ҷустуҷӯи имконияти интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон буданд. Ин лоиҳа то он ҷое пеш рафт, ки парлумони Эрон барои он будҷае таъйин кард ва гурӯҳе аз вакилон ба Душанбе сафар намуда, бо Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ намуданд” – навиштааст рӯзномаи мазкур.

Ба навиштаи ин рӯзнома, он замон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Эрон пешниҳод намуда, ки “Шумо ба мо нафт диҳед ва мо ба шумо об медиҳем”.

Рӯзномаи “Иттилоот”-и Эрон дар шумораи наврӯзии худ мусоҳибаи сафири пешини Эрон дар Норвегия Абдулризо Фараҷиродро, ки дар нашрияи “Ситораи субҳ” чоп шудааст, бознашр намуда, бори дигар масъалаи интиқоли оби Тоҷикистон ба Эрон ва густариши ҳамкориҳо миёни ду кишварро баррасӣ кардааст, ки дар зер фишурдаи онро метавонед мутолеа кунед:

- Шумо робитаи Тоҷикистон ва Эронро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Дар ҷаҳон кам кишварҳое ёфт мешаванд, ки мисли Эрон ва Тоҷикистон чунин наздикии забониву фарҳангӣ дошта бошанд. Тоҷикистон сарзамини таърихиест, ки зиёда аз як аср таҳти ҳокимияти Русияи подшоҳӣ ва коммунистҳо қарор дошт, вале пас аз истиқлоли мардумӣ ин кишвари кӯҳистонӣ ва дорои тамаддуни бой тавонист ҳувияти динӣ, забонӣ ва фарҳангии худро ҳифз кунад.

Нуктаи ҷолиб он аст, ки нухбагони Тоҷикистон ба мавҷудияти олимон, шоирон ва адабиётшиносони форсӣ ва тоҷикӣ, ки мероси фарҳангу тамаддуни муштараки эронию тоҷикиро ташкил медиҳанд, эҳтироми хоса доранд.

Хушбахтона, дар Тоҷикистон кам касоне пайдо мешаванд, ки бо ному осори бузургони гузаштаи худ ошно набошанд. Ҳатто ҷавонон бо мутолиаи бештари осори донишмандони худ ташвиқ мешаванд, ки таъсири мусбат низ доштааст.

Баъд аз сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон ва созишномаҳое, ки барои ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ҳосил шуд, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои иҷроӣ кардани ин созишномаҳо ба Теҳрон омад.

Баъди чанд соли таваққуфи робитаҳо миёни Теҳрон ва Душанбе, ки сабабҳои мухталиф дошт, раванди ҳамкориҳои дуҷониба ба ҷараён уфтодааст. Набояд иҷозат дод, ки унсурҳои мухолифи рушд дар Тоҷикистон ва Эрон, ки ангезаҳои носозгор доранд, раванди мусбати эҳёи равобити ин ду кишвари ҳамзабонро ба нокомӣ кашанд.

- Заминаҳои ҳамкорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон аз назари Шумо чист?

 - Аз ҷиҳати географӣ Тоҷикистон як кишвари вобаста ба хӯшкӣ ба ҳисоб меравад, ки барои рушди худ ниёз ба пайвастшавӣ ба обҳои байналмилалӣ дорад.

Ҳамкории чандҷонибаи Эрон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Афғонистон метавонад имконоти сохтмони роҳи оҳан ва шоҳроҳ то марзи Эрон ва идомаи он то бандарҳои ҷанубиро фароҳам созад.

Эрон дар гузашта лоиҳаҳои мухталиферо дар Тоҷикистон амалӣ намуда буд, ки баъзе аз онҳо бо гузашти вақт ба анҷом нарасидаанд. Барои ҳалли ин масъала бояд заминаи фаъолият барои бахши хусусии ширкатҳои эронӣ фароҳам карда шавад, то онҳо бо иштирок дар лоиҳаҳои нав ба рушди Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Барои осон намудани муомилоти тиҷоратӣ коҳиши боҷҳо ва таъмини гардиши озоди мол метавонад дар тақвияти робитаҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар таъсири мусбат дошта бошад.

Аз тарафи дигар, соҳаи сайёҳӣ заминаи хубе барои густариши ҳамкориҳо ба шумор меравад. Музокироти муассир миёни ниҳодҳои марбутаи ҳар ду кишвар сурат гирифтааст. Барқарор шудани парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе, осон кардани раводид ва фароҳам сохтани имкониятҳо барои сафарҳои заминӣ аз тадбирҳои судманд хоҳанд буд.Дар соҳаи тиб бояд ҳамкориҳои илмӣ, табодули бештари донишҷӯён, эҳдои бурсияҳо ба донишҷӯёни тоҷик ва баргузории давраҳои тахассусии тиббӣ барои табибони тоҷик дар авлавият қарор дода шаванд. 

Таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон бояд асоси ҳамкориҳои чандҷонибаи минтақавӣ гардад, ки на фақат барои масоили амниятӣ, балки барои робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии густарда низ боис хоҳад шуд.

Барои идома ва густариши ҳамкориҳо, машварат ва гуфтугӯҳои доимӣ миёни мақомот ва масъулони ду кишвар дар соҳаи тиҷорат, иқтисод ва интиқоли об бояд анҷом шавад.

- Бо таваҷҷуҳ ба хушксолиҳои вилоятҳшои шарқии кишвар оё имкон дорад, ки об аз Тоҷикистон ба Эрон интиқол ёбад?

- Тоҷикистон бо сабабҳои кӯҳистонӣ буданаш кишвари сероб аст ва 6-умин сарчашмаҳои обии ҷаҳонро дорад. Ин кишвар тавонистааст, ки бо таъсиси садҳо манбаъҳои обиро истифода барад. Бо таваҷҷуҳ ба мушкили камобӣ дар кишвар ва пешгӯии хушксолиҳои бештар, интиқоли об аз Тоҷикистон ба вилоятҳои шарқии Эрон ва шимолу шарқи Эрон (Хуросони Разавӣ, Шимолӣ, Ҷанубӣ, Кирмон ва Симнон) мумкин аст. Ин интиқол дар иваз ба кумакҳои Эрон ба Тоҷикистон, ки бо таҳаввулоти нафт ва газ ва дигар молҳо бо об таъмин мешавад, метавонад мушкили камобиро бартараф созад.

Интиқоли оби Тоҷикистон аз масири Афғонистон ва Туркманистон бузургтарин хизматест, ки ҳукумати Эрон метавонад анҷом диҳад. Камобӣ як мушкили умумӣ дар Эрон шудааст ва интиқоли об аз Тоҷикистон метавонад роҳи ҳалли ҷиддӣ барои баромадан аз мушкили камобӣ ва хушксолиҳо бошад.

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.