Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Доналд Трамп гуфт аз Владимир Путин “асабонӣ” аст
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп рӯзи якшанбе гуфт, ки аз Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия “асабонӣ аст” ва агар эҳсос кунад, ки Маскав барои ба поён расонидани ҷанги Украина монеа эҷод кунад, барои харидорони нафти Русия тарифаҳои 25 то 50 фоиза ҷорӣ хоҳад кард.
Доналд Трамп дар суҳбати телевизионӣ бо шабакаи “NBC News” гуфт, ки пас аз он ки Путин ҳафтаи гузашта эътибори президентии Владимир Зеленский, президенти Украинаро зери суол бурд, аз ӯ хашмгин шуд.
Ин изҳороти Доналд Трамп дар замоне садо медиҳад, ки мақомоти Русия ва Амрико дар Арабистони Саудӣ ҷузъиёти расидан ба созишномаи оташбасро баҳс мекунанд.
“Агар бо Русия натавонем дар хусуси хотима додан ба хунрезӣ дар Украина ба созиш расем ва агар ман фикр кунам, ки гуноҳи Русия аст... барои тамоми нафтҳои содиротии Русия тарифаҳои дуюм, ба миқдори 25 то 50 фоизро ҷорӣ хоҳам кард. Яъне, агар аз Русия нафт бихаред, дигар наметавонед бо Амрико тиҷорат кунед. Тарифе байни 25 – то 50 фоиз бар тамоми фурӯши нафт ҷорӣ хоҳад шуд”.
Мақомоти Федератсияи Русия то ба ҳол ба ин изҳороти Доналд Трамп вокуниш нишон надодаанд. Украина қаблан ҳушдор дода буд, ки Русия дар бораи оташбас ва хотима додани ҷанг ҷиддӣ нест. Аммо Русия гуфт, ки бе гирифтани кафолатҳои қавӣ ва қабул шудани шартҳои он аз сӯйи Украина ба оташбаси муваққатӣ розӣ нахоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка