Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Се ӯзбекистонӣ ба иттиҳоми қатли хохоми исроилӣ ба қатл маҳкум шуданд
Мақомоти судии кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ се шаҳрванди Ӯзбекистонро ба иттиҳоми қатли Сви Коган, хохоми исроилӣ-молдавиягӣ ба ҳукми қатл маҳкум намуд. Дар ин хусус, расонаҳои исроилӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар додаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз мақомоти Иморот расман ин хабарро тасдиқ накардаанд.
Тсвӣ Гринҳайм дӯст ва ҳамкори Сви Коган дар суҳбат бо “Шабакаи 12”-и Исроил содир шудани ин ҳукмро “таърихӣ” тавсиф кардааст.
Соли гузашта ҷасади Сви Коган хохоми 28–солаи исроилӣ-молдавиягӣ дар шаҳри Алени Иморот, дар наздикии марзи Уммон пайдо гардид. Мақомоти интизомии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ се шаҳрванди Ӯзбекистонро ба иттиҳоми ба қатл расонидани хохоми исроилӣ боздошт карданд.
Мақомоти Иморот он вақт эълон намуда буданд, ки боздошти ин афрод бар асоси шиносномаҳои онҳо ҳангоми ворид шудан ба Имороти Муттаҳида анҷом шудааст.
Дар моҳи декабри ҳамин сол рӯзномаи “Зе вол стрит журнал” хабар дод, ки қотилон Сви Коганро рабуда, мехостанд ӯро ба кишвари ҳамсоя – Уммон интиқол диҳанд. Ин рӯзнома гузориш медиҳад, ки се шарҳванди Ӯзбекистон ҳангоми интиқоли Сви Коган ба Уммон ноком шуда, баъдан ӯро ба қатл расониданд.
Он замон расонаҳои исроилӣ иддао карда буданд, ки Сви Коган таҳти назорати ниҳодҳои иттилоотии Ҷумҳурии Ислоии Эрон буд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Абу Забӣ ба Рейтерз гуфт, ки иддаои мақомоти исроилӣ бепоя буда, Эрон дар қатли хохоми исроилӣ даст надорад.
Баъдан шабакаи телевизионии “Кан” иттилоъ дод, ки мақомоти Исроил ба ин назаранд, ки қатл аз сӯйи Эрон барномарезӣ нашудааст ва он ҳатман як амали террористӣ аст. Дар он замон ба қатл расидани хохоми исроилӣ вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад