


Боздошти журналистони рус бо гумони ҷосусӣ дар Боку. Оё дӯстии Русия ва Озарбойҷон дар зери хатар аст?

Қазоқистон расман пӯшидани бурқа ва ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард

Тӯйи “ҷанҷолӣ”-и писари 17-солаи Рамазон Қодиров дар Чеченистон. Издивоҷи пуршукӯҳ бо паёми сиёсӣ

Содир Ҷабборов ба Душанбе меояд. Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷабборов ояндаи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд
Рӯзномаи покистонӣ: “Иттиҳоди Толибон бо Ҳиндустон дигар як роз нест”
Рӯзномаи “Express Tribune”-и чопи Покистон гурӯҳи террористии Толибон ва Ҳиндустонро дар ҳамдастӣ ва халалдор кардани амнияти Покистон муттаҳам кардааст. Рӯзнома бо ишора ба ҳамлаи маргбор ба қатора дар вилояти Балуҷистон навишта, ки Толибон дар доираи тарҳи Ҳиндустон барои қонунӣ сохтани ҳаракатҳои ҷудоихоҳонаи балуҷҳо фаъолият мекунанд.
Рӯзномаи “Express Tribune” рӯзи шанбе дар мақолае бо номи «Иттиҳоди Кобул-Деҳлӣ» навишт: “Дигар ин роз нест, ки Афғонистон ва Ҳиндустон дар заиф ва бесубот сохтани Покистон бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд”.
Ин рӯзнома, ки бо мавқеъгирии артиши Покистон наздик аст, ҳамла ба қатора дар Балуҷистонро “нокомии хадамоти иттилоотӣ” номид ва таъкид кард, “ҳамдастии ошкоро миёни Толибон ва Ҳиндустон бояд аз ҷониби Исломобод дар минбарҳои дипломатӣ фош карда шавад”.
Ин рӯзномаи покистонӣ бо вуҷуди бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба шикоятҳои Исломобод дар робита ба ин масъала навиштааст, “Покистон бояд таҳқиқ кунад, ки чаро санадҳо ва далелҳои он дар бораи нақши унсурҳои хориҷӣ дар амалҳои террористӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ва пойтахтҳои ҷаҳон ба эътибор гирифта намешаванд”.
Исломобод худро қурбонии терроризм ҳисоб мекунад, ин дар ҳолест, ки Ҳиндустон ва Толибон Покистонро ба истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ба ҳайси василаи фишор муттаҳам мекунанд. Ҳиндустон даҳсолаҳо боз Покистонро ҳамчун паноҳгоҳ ва ҳомии терроризм муаррифӣ мекунад. Толибон низ дар гузашта бо Покистон робитаҳои наздик доштаанд, ҳоли ин гуна иттиҳомро ба миён мегузоранд ва иддао мекунанд, ки Исломобод гурӯҳи ДОИШ – ро ҳамчун воситаи фишор дар минтақа истифода мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳаниф Аббосӣ, вазири роҳи оҳани Покистон рӯзи шанбе гуфт, ки “террористоне, ки ҷони одамони бегуноҳро таҳдид мекунанд, хоҳ дар Покистон бошанд ё фирор карда ба самти Афғонистон ё дигар кишварҳо рафта бошанд, пайгирӣ хоҳанд шуд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тирпарронии хунин дар Бадахшон. Толибон дар ҷаноза мардумро тирборон карданд
Боздошти журналистони рус бо гумони ҷосусӣ дар Боку. Оё дӯстии Русия ва Озарбойҷон дар зери хатар аст?
Қазоқистон расман пӯшидани бурқа ва ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард
Тӯйи “ҷанҷолӣ”-и писари 17-солаи Рамазон Қодиров дар Чеченистон. Издивоҷи пуршукӯҳ бо паёми сиёсӣ
