Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Нигаронии Владимир Путин аз таҳдидҳои амниятӣ аз хоки Афғонистон
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия рӯзи душанбе дар ҷараёни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва гуфт, бо назардошти таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сарчашма мегиранд, Русия наметавонад нисбат ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бетафовут бошад.
Владимир Путин гуфт, Русия баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳояш бо Тоҷикистонро дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир густариш хоҳад дод.
“Албатта, мо наметавонем ба масъалаҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ бетафовут бошем, бахусус бо назардошти проблема ва таҳдидҳое, ки аз хоки Афғонистон сар мезанад” – гуфт Владимир Путин.
Владимир Путин таъкид кард, ки Русия дар оянда низ ба пуштибонии сулҳу субот дар минтақа идома хоҳад дод.
“Аз ҷумла, ба воситаи Пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, тасмим гирифтем, ки ҳамкориҳои дифоӣ, ҳарбӣ ва техникӣ, инчунин, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддирро боз ҳам тақвият бахшем”- таъкид кард Владимир Путин.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Федератсияи Русия сафар кард. Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мақомоти ду кишвар созишномаҳои мухталифро ба имзо расониданд. Вазирони дифои Тоҷикистону Русия созишномаи Барномаи шарикии ҳарбӣ-низомӣ миёни Тоҷикистон ва Русияро имзо намуданд, ки ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳо дар бахши низомӣ аст.
Роҳбарони ду кишвар масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла таҳдидҳои амниятӣ аз сӯйи Афғонистон, вазъияти муҳоҷирон, масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаи бонкдорӣ ва ғайраро мавриди гуфтугӯ қарор доданд. Владимир Путин таъкид кард, ки ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон ва Русия дар соли ҷорӣ ба 1,6 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард