Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Путин ба пешниҳоди оташбас, аммо бо шартҳои Русия мувофиқат кард
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия эълон кард, бо оташбаси кӯтоҳмуддат мувофиқ аст, вале ин тавофуқ бояд бо риояи шартҳои Русия сурат гирад.
Владимир Путин ин нуктаро дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо президенти Беларусия Александр Лукашенко баён намуд. Ӯ таъкид кард, ки “мо ба пешниҳоди оташбас мувофиқ ҳастем, аммо чунин оташбасе бояд ба сулҳи баландмуддат сабаб шавад”.
Владимир Путин таъкид кард, ки оташбас бояд ба “сулҳи дарозмуддат ва бартарафсозии сабабҳои аслии буҳрон” мусоидат кунад.
“Федератсияи Русия мехоҳад кафолат гирад, ки дар давоми оташбаси 30-рӯза Украина сарбоз ҷалб намекунад ва силоҳ намегирад” – таъкид кард Владимир Путин.
Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки эҳтимолан дар мавриди оташбас бо Доналд Трамп суҳбат хоҳад кард. Президенти Русия гуфт, ки “мо аз идеяи поён додан ба ин ҷанг аз тариқи роҳҳои мусолиматомез ҳимоят мекунем”.
Қабл аз ин, мушовир Президент оид ба сиёсати хориҷӣ Юрий Ушаков гуфта буд, ки Маскав барои қабули оташбас ба ҷониби Амрико шартҳои худашро пешниҳод кард.
Рӯзи 13-уми март ҳайати мазокиракунандагони Амрико ба шаҳри Маскав омаданд. Русия дар ин музокирот шартҳои худро эълон кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка