Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Душанбе-Бишкек парвозҳоро барқарор мекунанд. Сана, муҳлат ва қиммати парвоз чанд аст?
Дар пасманзари сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар дод, ки парвозҳо аз аз Душанбе ба Бишкек оғоз мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, парвози аввалини чартерӣ аз Душанбе рӯзи 14-уми марти соли 2025 соати 09:00, аз Бишкек соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Арзиши билети парвоз 87 евро муқаррар шудааст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки минбаъд аз 23-уми март парвозҳо миёни Душанбе ва Бишкек ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 10:30 ва аз Бишкек соати 14:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба самти Бишкек 1 соату 30 дақиқа, дар самти баргашт 1 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки барқарор шудани парвозҳои ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии ду кишвар саҳмгузор буда метавонад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”