4 Октябр 2026,
якшанбе, 11:59, Душанбе
13.03.2025 16:08

Дар Бишкек сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо муовини ВКХ-и Русия мулоқот карданд

Дар шаҳри Бишкек таҳти раёсати муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин маҷлиси сафирон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон) ва инчунин, Озарбойҷон, Афғонистон ва Туркия баргузор гардид.

“Муносибатҳои ҳампаймонӣ ва шарикии стратегӣ миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо тамоюли мусбат рушд мекунанд. Вазъият дар ин минтақа бо назардошти таҳдид ва хатарҳои муосир, инчунин, таъсири кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои хориҷӣ муфассал таҳлил шуд. Масъалаҳои ҳамкорӣ бо шарикони Осиёи Марказӣ дар дораи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, СААД ва СҲШ баррасӣ гардид” –иттилоъ медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Дар мулоқот, инчунин, рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои судманд таъкид намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо