3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:35, Душанбе
13.03.2025 11:58

Президенти Эрон: “Қобили қабул нест, ки Амрико ба мо дастур диҳад”

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар вокуниш ба таҳдидҳои Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, “таҳти фишор музокира намекунам, ҳаркӣ ҳар ғалате мехоҳад, бикунад”.

“Ин барои мо қобили қабул нест, ки Амрико ба мо дастур диҳад ва моро таҳдид кунад. Мо ҳатто бо шумо музокира ҳам нахоҳем кард. Ҳар иқдоме мехоҳед, анҷом диҳед” – гуфт Масъуд Пизишкиён.

Президенти Эрон таъкид кард, ки Эрон ҳеч гоҳ таҳдидро напазируфтаву нахоҳад пазируфт ва мустақилона амал мекунад.

Қаблан, роҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ пешниҳоди Доналд Трамп барои музокираро рад карда буд.

Президенти Амрико чанде қабл Эронро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид карда буд. Ӯ гуфта буд, ки агар Эрон музокира накунад, Амрико ҳамлаи низомиро сарфи назар нахоҳад кард.

Мухолифати Эрон ба музокира таҳти фишор ва таҳримҳои ҳадди ақал дар ҳолест, ки дирӯз Шурои Амнияти СММ пушти дарҳои баста дар хусуси барномаи атомии Эрон нишаст доир кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.