3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:35, Душанбе
11.03.2025 15:20

Ҳукумати нави Сурия бо курдҳо созишнома имзо кард

Ҳукумати нави Сурия 10-уми марти соли 2025 бо Неруҳои демократии Сурия созишномаи муҳиммеро имзо кард. Тибқи созишнома ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва низомии ҳукумати худмухтори курдҳо дар шимолу шарқи Сурия ба сохторҳои ҳукумати нави Сурия мепайванданд.

Ин созишнома аз сӯйи роҳбари муваққати Сурия Аҳмад Ал-Шаръ ва фармондеҳи Неруҳои демократи Сурия Мазлум Абдӣ имзо шудааст. Ин созишнома оташбаси саросариро дар бар мегирад ва интизор меравад то охири сол амалӣ гардад.

Тибқи ин созишнома тамоми гузаргоҳҳои марзӣ, фурудгоҳҳо, конҳои нафту газ, инчунин, маҳбасҳое, ки дар он муттаҳамони гурӯҳи террористии ДОИШ нигоҳ дошта мешаванд, таҳти назорати ҳукумати марказӣ қарор мегирад.

Ин созишнома ҳуқуқи ақалияти курдҳоро ба расмият мешиносад. Он ҳамчунин, имкон медиҳад, ки курдҳо ба забони модарии худ дар Сурия таълим гиранд. Ҳамчунин, ба гурезаҳои курд шароит  муҳайё мегардад, ки ба ватани худ баргарданд.

Ин созишномаи ҳукумати нави Сурия дар ҳоле имзо мешаванд, ки ҳафтаи гузашта неруҳои низомии ҳукумати нав дар қисматҳои алавинишини ин кишвар амалиёти низомӣ гузарониданд. Дар натиҷаи задухӯрди неруҳои ҳукумати нав бо ақалияти курдҳо беш аз 1000 нафар, аз ҷумла 745 ақалияти алавӣ кушта шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.