27 Сентябр 2026,
якшанбе, 05:46, Душанбе
10.03.2025 10:13

Русия, Эрон ва Чин дар Чобаҳор размоиши низомӣ баргузор мекунанд

Расонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон навиштанд, ки рӯзи сешанбеи соли равон дар як иқдоми муштарак размоиши низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии халқии Чин ва Федератсияи Русия дар Чобаҳор ва уқёнуси Ҳинд размоиши низомии дарёӣ баргузор мекунанд.

Эрон гуфтааст, ки ҳадафи баргузор намудани размоиши низомии дарёӣ дар уқёнуси Ҳинд ва Чобаҳор муборизаи муштарак барои тақвияти амнияти тиҷорати байналмилалӣ, мубориза бар зидди дуздии дарёиву терроризм, иқдомҳои башардӯстона, табдил намудани иттилоот ва таҷрибаҳои низомӣ дар бахши наҷоти дарёӣ аст.

Дар ҷараёни размоиши низомӣ кишварҳои Озарбойҷон, Африқои Ҷанубӣ, Уммон, Қазоқистон, Покистон, Қатар, Ироқ, Иморот ва Шри-Ланка ҳамчун нозир иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ размоиши муштараки Русия, Чин ва Эрон дар ин минтақа баргузор шуда буд.

Гуфта мешавад, ки дар ин размоиш неруҳои артиш ва Сипоҳи посдорони Эрон ширкат хоҳанд кард.

Дар солҳои ахир Эрон бо Чину Русия ҳамкориҳои низомии худро афзоиш додааст. Размоиши низомии навбатии ин кишварҳо дар ҳолест, ки Исроил ва Амрико сиёсати таҳрими сахтгиронаро бар зидди Эрон дар пеш гирифтаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.