Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Трамп фиристодани кумакҳои низомӣ ба Украинаро боз дошт
Мақомоти баландпояи Ҳукумати Амрико ба расонаҳо гуфтаанд, ки баъди мулоқоти ҷангҷолии Владимир Зеленский бо Доналд Трамп дар Кохи сафед фармони боз доштани кумакҳои низомии Амрико ба Украина содир шудааст.
Нашрияи “Блумберг” бо такя ба сарчашмаҳои худ навиштааст, ки ин кумакҳо вақте аз сар гирифта мешавад, ки Доналд Трамп мутмаин шавад, президенти Украина барои сулҳ талош мекунад.
Бар асоси гузоришҳо интиқоли таҷҳизоти низомии Амрико, ки ҳоло ба Украина нарасидаанд, аз ҷумла силлоҳое, ки ба воситаи ҳавопаймо ва киштиҳо дар роҳ мебошанд ё дар минтақаи транзитии Лаҳистон қарор доранд, фавран боз дошта мешаванд. Мақомоти Лаҳистон гуфтаанд, ки аллакай қарори боз доштани аслиҳаҳои Амрико дар ин кишвар иҷро мешавад.
Нашрияи “Блумберг” навишт, ки Доналд Трамп ба вазири дифои Амрико амр додааст, ки ин фармонро иҷро кунад. Қатъ шудани кумакҳои Амрико фишор бар зидди Владимир Зеленскийро афзоиш дода, идомаи ҳимояти муҳимтарин муттаҳиди Украина – ИМА –ро зери суол қарор медиҳад.
Доналд Трамп талош дорад, ки ҳарчи зудтар созишномаи сулҳ бо Русия имзо шавад. Дар ҷараёни суҳбати пуртаниши Владимир Зеленский дар Кохи сафед Доналд Трамп бо ғазаб гуфта буд: “Вақте барои сулҳ омода шудӣ, баргард”.
Нашрияи “Блумберг” навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир аксари таҷҳизоти низомие, ки аз сӯйи Амрико ба Украина дода мешавад, Иттиҳоди Аврупо онҳоро надорад. Мақомоти Аврупо гуфтаанд, ки эҳтимол захираҳои аслиҳаи ин созмон то тобистон кофӣ бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка