Иддаои Трамп: “Дар бораи сарнавишти ҷанг бо Эрон тасмими бузурге дар пеш аст”
Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман дар 24 соат
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид
Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард
Кохи сафед: «Амрико дигар ба Украина чекҳои беҳисоб намедиҳад»
Сухангӯи Кохи сафед баъди суҳбатҳои ҷанҷолии Доналд Трамп бо Владимир Зеленский гуфт, Амрико ба ҳеч кас иҷоза намедиҳад, ки аз ин кишвар сӯйистифода кунад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳукумати Доналд Трамп дигар намехоҳад маблағгузории ҷанги Украина бо Русияро идома диҳад.
Кохи сафед бо нашри як баёния пас аз баҳси лафзӣ миёни Доналд Трамп, президенти ИМА ва Владимир Зеленский, президенти Украина эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳеч кас иҷоза нахоҳад дод, ки аз ин мардум ва ин кишвар сӯйистифода кунад.
Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ худи Зеленский иқрор шудааст, ки вазъияти Украина метавонад ба ҷанги сеюми ҷаҳон оварда расонад.
Дар ҷараёни мулоқоти президенти Амрико бо президенти Украина дар Кохи сафед баҳси лафзӣ миёни онҳо сар зад. Доналд Трамп Зеленскийро ба беэҳтиромӣ нисбат ба Амрико муттаҳам кард ва гуфт: “Зеленский бо ҷанги ҷаҳонии сеюм ва ҷони миллионҳо нафар бозӣ мекунад”.
Баъди ин баҳс Зеленский пеш аз вақти барномарезишуда Кохи сафедро тарк кард. Баъзе мақомдорони баландпояи Кохи сафед таъкид карданд, ки ин ҳодиса масъалаи қатъ намудани кумакҳои бештар ба Украинаро ба миён овардааст.
Мақомҳои ҳукумати Украина пас аз ин баҳс бо ноумедӣ талош намуданд, ки Кохи сафедро барои идомаи музокирот бовар кунонанд, зеро Трамп аз идомаи гуфтугӯ бо Зеленский худдорӣ кард.
Кэролайн Ливитт, сухангӯи Кохи сафед субҳи имрӯз дар мусоҳиба бо шабакаи “Фокс Нюз” эълон намуд, ки ҳукумати Доналд Трамп дигар намехоҳад маблағгузории ҷанги Украина бо Русияро идома диҳад, зеро ин низоъ дар масофаи дур аз қаламрави ИМА ҷараён дорад.
“Ҷо Байден дигар дар Кохи сафед нест, ки ба хоҳишҳои беохири Киев ҷавоби мусбат диҳад. Мо дигар намехоҳем, барои ҷанге, ки дар масофаи дур аз мо сурат мегирад ва бидуни ноил шудан ба сулҳи воқеӣ ва дарозмуддат аст, ба содагӣ чек содир кунем” – гуфт Кэролайн Ливитт.
Сухангӯи Кохи сафед таъкид намуд, ки барои гузаронидани музокироти сулҳи муваффақ ва ҳал кардани низоъ дар Украина гузашт аз ду тараф лозим аст, вале Владимир Зеленский ин воқеиятро намефаҳмад.
“Президент Трамп сулҳ мехоҳад, аммо барои музокирот ҳарду тараф бояд пушти миз нишаста, гуфтугӯ кунанд. Дар як созишномаи хуб одатан ҳарду ҷониб то андозае норозӣ мемонанд. Зеленский инро дарк намекунад” – таъкид кард сухангӯи Кохи сафед Кэролайн Ливитт.
Сухангӯи Кохи сафед Владимир Зеленскийро “музокиракунандаи хеле саркаш” номида, афзуд: “Ба шарофати ҳузури хабарнигорон, акнун мардуми Амрико ва тамоми ҷаҳон диданд, ки президент ва гурӯҳи ӯ дар ҷараёни музокироти пушти дарҳои баста бо Украина бо чӣ вазъе рӯ ба рӯ буданд”.
Аксари расонаҳои аврупоӣ ҷанҷоли лафзӣ миёни Трамп ва Зеленскийро “фоҷеаи дипломатӣ” хонда навиштанд: “Барои Украина ва шарикони аврупоии он, он чӣ рух дод, як даҳшати мутлақ буд ва ягона бурдкунанда дар ин миён Русия аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд