Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Трамп: “Моддаи 5-уми оинномаи НАТО нисбат ба Украина татбиқ намешавад”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор кард, ки моддаи панҷуми оинномаи НАТО дар хусуси амнияти дастаҷамъӣ дар робита ба Украина татбиқ намешавад.
Доналд Трамп дар як нишасти хабарӣ дар Кохи сафед, ки бо нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер баргузор гардид, дидгоҳи худро оид ба истифодаи моддаи панҷуми НАТО дар мавриди Украина баён кард.
Ӯ таъкид кард, ки муқаррароти амнияти дастаҷамъиро пуштибонӣ мекунад, вале дар мавриди фиристодани неруҳои амрикоӣ ба Украина зарурати татбиқи он моддаро намебинад.
Доналд Трамп изҳори умедворӣ кард, ки вазъият ба таври мусолиматомез ҳал хоҳад шуд ва таҳдидҳое, ки дахолати НАТО –ро талаб мекунад, вуҷуд надоранд.
Қаблан, Доналд Трамп гуфта буд, ки муомилаи сулҳ барои Украина ё зуд ба даст меояд ё тамоман ба даст намеояд. Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки агар созиш дар бораи ҳалли низоъ ба даст ояд, президенти Русия Владимир Путин ваъдаҳои худро иҷро хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка