


Боздошти журналистони рус бо гумони ҷосусӣ дар Боку. Оё дӯстии Русия ва Озарбойҷон дар зери хатар аст?

Қазоқистон расман пӯшидани бурқа ва ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард

Тӯйи “ҷанҷолӣ”-и писари 17-солаи Рамазон Қодиров дар Чеченистон. Издивоҷи пуршукӯҳ бо паёми сиёсӣ

Содир Ҷабборов ба Душанбе меояд. Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷабборов ояндаи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд
Раҳбари пешини ХАМ-и Ӯзбекистон “шиносномаи тиллоӣ” –и Вануатуро дарёфт кард
Бар асоси иттилооти расонаҳо Рустам Иноятов, раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ва чанд узви оилааш дар соли 2023 шаҳрвандии кишвари Вануатуро барои сармоягузорӣ дарёфт кардаанд.
Бар асоси таҳқиқоти рӯзноманигорон, ки феҳристи “шиносномаи тиллоӣ” барои солҳои 2022 - 2023 –ро омӯхтаанд, Рустам Иноятов ва Шариф Иноятов дар Ӯзбекистон ва Русия ба тиҷорати кишоварзӣ ва амволи ғайриманқул машғуланд ва шаҳрвандии кишвари ҷазиравии Вануатуро дар Уқёнуси Ором ба даст овардаанд.
Дар рӯйхати 1961 нафаре, ки шаҳрвандии Вануатуро ба даст овардаанд, аксаран шаҳрвандони Русия ва Чин мебошанд. Ҳамчунин, номи миллиардерҳо, таҳти таҳрим қарор гирифтаҳо ва афроди иҷрокунандаи хадамоти ҷосусӣ ва ҷинояткорӣ дар ин рӯйхат вуҷуд дорад.
Кишвари ҷазиравии Вануату ба ивази ҷалби 130 ҳазор доллар сармоягузорӣ шиносномаи тиллоӣ медиҳад. Шиносномаи тиллоии ин кишвар иҷозат медиҳад, ки бидуни монеа ба 130 кишвари хориҷӣ соҳибони он сафар кунанд. Фурӯши шиносномаи тиллоӣ барои Вануату 1/3 қисми буҷетро таъмин менамояд.
Дар солҳои ахир, бо сабаби қонуншиканиҳо Иттиҳоди Аврупо аз декабри соли 2024 низоми бидуни раводид ба соҳибони “шиносномаи тиллоӣ”-ро бекор кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тирпарронии хунин дар Бадахшон. Толибон дар ҷаноза мардумро тирборон карданд
Боздошти журналистони рус бо гумони ҷосусӣ дар Боку. Оё дӯстии Русия ва Озарбойҷон дар зери хатар аст?
Қазоқистон расман пӯшидани бурқа ва ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард
Тӯйи “ҷанҷолӣ”-и писари 17-солаи Рамазон Қодиров дар Чеченистон. Издивоҷи пуршукӯҳ бо паёми сиёсӣ
