3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:35, Душанбе
28.02.2025 11:34

Трамп таҳримҳои зидди Русияро барои як соли дигар тамдид кард

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳримҳои зидди Русияро, ки солҳои 2014, 2018 ва 2022 ҷорӣ шуда буданд, барои як сол тамдид кард. Тибқи иттилоъ дар ин маврид ҳанӯз ҳуҷҷат нашр нашудааст, вале он аллакай дар махзани иттилоотии Феҳристи федералии ИМА ҷой дода шудааст.

Қаблан, президенти Амрико Доналд Трамп ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Марко Рубио гуфта буданд, маҳдудиятҳои зидди Русия то замоне, ки созишномаи поёни ҷанги Украина ба даст наояд, бекор карда намешавад.

Таҳримҳо бар зидди Русия пай дар пай бо фармонҳои президентҳои ИМА Барак Обама дар соли 2014, Доналд Трамп дар соли 2018 ва Ҷо Байден дар соли 2022 амалӣ шуданд. Сабаби нахустини таҳримҳо ворид шудани Федератсияи Русия ба минтақаи Қрими Украина буд.

“Амалу сиёсати зикршуда дар ин фармонҳо то ҳол таҳдиди ғайриоддӣ ва фавқулода ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷиии ИМА ба шумор мераванд” – гуфта шудааст дар ҳуҷҷати зикршуда.

Таъкид шудааст, ки пас аз ҷаласаи аввали ҳукумати ИМА дар Кохи сафед Доналд Трамп гуфт, ки танҳо баъди анҷоми низоъ дар Украина омода аст таҳримҳоро бекор кунад.

“Ман мехоҳам аввал бубинам, ки оё мо метавонем ба созиш бирасем” – гуфт ӯ.

Ҳафтаи гузашта Иттиҳоди Аврупо бастаҳои нави таҳримҳоро бар зидди Русия ҷорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки тайи ду ҳафтаи гузашта мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Русия барои расидан ба созиш дар масъалаи ҷанги Украина гуфтугӯ мекунанд. Нахустин даври музокироти ду кишвар дар Арабистони Саудӣ бо ширкати Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гашт. Ҳар ду тараф музокиротро созанда хонда, барои идомаи он таъкид карданд. Ҳайатҳои ду ҷониб дар пайи онанд, ки мулоқоти Доналд Трамп ва Владимир Путин баргузор шавад.

Доналд Трамп дар охири изҳороташ гуфт, ки бояд ҷанги Украина хотима дода шавад ва ин кишвар узви НАТО нахоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.