Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Оё мулоқоти ояндаи Трамп ва Путин дар Арабистони Саудӣ оғози як низоми нави ҷаҳонӣ хоҳад буд?
Мулоқоти оянда миёни Доналд Трамп, президенти ИМА ва Владимир Путин, президенти Русия дар Арабистони Саудӣ ба натиҷаи музокироти ҷории ду давлат дар Риёз вобаста аст. Оё ин нишаст ба “Ялтаи нав” табдил ёфта, низоми нави ҷаҳониро шакл медиҳад ё ба музокироти сарони давлати ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар замони буҳрони мушакии Куба шабоҳат хоҳад дошт?
Ҷараёни омодагӣ ба ин мулоқот, сарфи назар аз эътирози мухолифон, оғоз шуд. Сарони ҳайатҳои ду кишвар дар қасри таърихии Диръия дар Риёз мулоқот карданд. Гурӯҳҳои техникӣ низ барои ҳамоҳангсозии муносибатҳои миёни ин ду қудрат фаъолияти худро идома медиҳанд, ки пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ба буҳрон рӯ ба рӯ шудааст.
Интихоби Арабистони Саудӣ ҳамчун макони баргузории ин нишаст диққати зиёдеро ба худ ҷалб кард. Зеро он барои ҳам русҳо ва ҳам амрикоиҳо макони қобили қабул аст. Яке аз сабабҳои асосии баргузории мулоқот дар Саудӣ он аст, ки раҳбарони ҳар ду кишвар бо Валиаҳди саудӣ муносибатҳои наздик доранд, ки ин равандро осон сохт.
Дар асл, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон аз соли 2017 бо Доналд Трамп муносибати наздик ва боэътимод барқарор кард. Ҳамзамон, ӯ робитаашро бо Владимир Путин низ густариш дода, онро нигоҳ дошт.
Ҷаҳон ба ин мулоқоти муҳим таваҷҷуҳи зиёд дорад. Агар ин нишаст муваффақ бошад, метавонад ба коҳиши ихтилофоти бузург ва шояд ҳатто ба поёни ҷанги Украина мусоидат кунад.
Абдурраҳмон Ал-Рашид, сармуҳаррири пешини “Ал-арабия” ва рӯзномаи “Аш-Шарқ ал-авсат”.
Манбаъ: Рӯзномаи “Аш–Шарқ ал-авсат”
Ин мақола сирфан дидгоҳи муаллифро инъикос мекунад.
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад