Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Шаҳбоз Шариф ва Шавкат Мирзиёев аз баҳси мубориза бо терроризм то сохтани роҳи “Афғон-транс”
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари дурӯза барои музокирот ва имзои созишномаҳои нави ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, мубориза бо терроризму экстремизм вориди шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуд.
Навоз Шариф, сарвазири Покистон дар дидор бо президенти Ӯзбекистон дар хусуси ҳамкориҳои муштарак бар зидди мубориза бо терроризм, радикализм ва мушкилоти амниятӣ гуфтугӯ кард.
Роҳбарони ду кишвар дар ҷараёни мулоқот масъалаи сохтмони роҳи оҳани “Афғон-транс” –ро мавриди баррасӣ қарор дода, амалисозии онро муҳим арзёбӣ карданд.
Чанде қабл Ӯзбекистон хабар дода буд, ки сохтмони роҳи оҳани “Афғон-транс” дар соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.
Тибқи арзёбиҳои Муассисаи тарроҳӣ ва таҳқиқоти нақлиёти Ӯзбекистон хароҷоти сохтмони роҳи оҳани “Афғон-транс” беш аз 4, 4 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Ин дар ҳолест, ки Покистон хароҷоти сохтмони роҳи оҳани “Афғон-транс”-ро 8, 2 миллиард доллар эълон намудааст.
Бар асоси иттилои Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон ҳаҷми тиҷорат дар соли ҷорӣ аз тариқи долони “Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон” панҷ баробар афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид