Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
Модар сабаб шуд. Зулайхо Маҳмадшоева бори дуюм ба зиёрати ҳаҷ рафт
Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи маъруфи тоҷик дар шашмоҳи охир бори дуюм ба хонаи Худо рафт ва ба гуфтааш дар ин сафар модараш сабаб шудааст.
“Ман шаш моҳ пеш ба хонаи Худо омада будам. Хостам модарамро ин ҷо равон кунам, аммо гуфтанд, ки аз ҳавопаймо метарсанд ва агар худам равам, мераванд. Ҳамин тавр, бо модарам, холаҳоям ва бародарам бори дуюм ба ин макони муқаддас омадем”, - навиштааст дар саҳифаи Инстаграмаш Зулайхо Маҳмадшоева.
Дар идомаи матлабаш сароянда ба ҳаводоронаш барои таваҷҷуҳи зиёд ташаккур гуфта, ҳамчунин, гуфтааст, ки дар ҳаҷ барои ҳамаи онҳо дуои хайр кардааст.
Дар аксҳое, ки сароянда аз хонаи Худо нашр кардааст, дар 19 соати аввал зиёда аз 17 ҳазор шарҳ навиштаанд, ки ҳамагӣ суханҳои хуб гуфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки Зулайхо Маҳмадшоева моҳи сентябри соли гузашта бори аввал ба зиёрати хонаи Худо рафта буд ва аз он вақт то инҷониб дар саҳна кам баромад мекунад. Инчунин, дар муддати зиёда аз шаш моҳ танҳо ду суруд нашр кардааст, балки бештар ба тиҷораташ машғул мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард