Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Қазоқистон 74 шаҳрванди Тоҷикистонро аз барфу сардӣ наҷот дод
Дар ду рӯзи охир бинобар бориши зиёди барф ва ҳавои сарду яхбандӣ кормандони Вазорати ҳолатҳои фақулодаи Қазоқистон беш аз 170 нафарро наҷот додаанд.
Расонаҳои Қазоқистон бо такя ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар медиҳанд, ки наҷотдиҳандагони қазоқ як автобус ва як мошини сабукравро, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштанд, наҷот додаанд.
Бар асоси иттилоъ, дар роҳи байналмилалии Екетеренбург-Алмаато - сарҳади Федератсияи Русия, дар наздикии деҳаи Қайроқи ноҳияи Қарабалиқ як автобуси мусофиркашонӣ, ки аз самти Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ҳаракат мекард, бо сабаби бориши барф ва ях кардани сӯзишвории дизелӣ аз ҳаракат бозмонда аст.
Дар дохили автобуси Тоҷикистон, ки ба самти Федератсияи Русия ҳаракат дошт, 70 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 40 кӯдак қарор доштаанд. Гуфта мешавад, ки мақомоти наҷотдиҳанда ба ҷойи ҳодиса расида, бо таҷҳизоти махсус сӯзишвории дизелиро гарм намуда, акумлятори онро фаъол карда, автобусро ба ҳаракат даровардаанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон таъкид кардааст, ки тайи ду рӯзи охир бар асари бориши зиёди барф ҳарорати ҳаво сард шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кишвар душвор шудааст. Дар натиҷаи он, ҳодисаҳои зиёди фавқулода ва корҳои наҷотдиҳӣ дар давоми ду рӯзи охир ба қайд гирифта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад