Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Таркиши автобусҳо дар Исроил мардумро ваҳшатзада кардааст
Рӯзи панҷшанбе, 20-уми феврал дар ҷануби Тел-Авив се автобуси мусофирбарӣ таркид. Дар пайи таркиши автобуси мусофирбарии шаҳрӣ мақомоти амниятии Исроил дар ду автобуси дигар низ маводи тарканда пайдо кардаанд.
Расонаҳои исроилӣ навиштанд, ки таркиши автобусҳои шаҳрӣ мардумро ваҳшатзада кардааст ва онҳо аз истифодаи он худдорӣ мекунанд.
Дар робита ба таркиши автобусҳо мақомоти исроилӣ ҷузъиёт намедиҳанд. То ҳанӯз дар хусуси кушта ё маҷруҳ шудани афрод гузорише пахш нашудааст.
Чанде қабл мақомоти исроилӣ гузориш доданд, ки як нафарро ба иттиҳоми ҷо гузоштани маводи тарканда дар автобусҳо боздошт кардаанд.
Рӯзномаи исроилии “Йедиот Ахарот” навишт, ки баъди таркишҳои рӯзи панҷшанбе мардум аз истифодаи автобусҳои шаҳрӣ худдорӣ мекунанд.
Радиои “Садои Қудс” бо ишора ба он ки садои таркишҳои се автобус дар минтақаи Бат Ям, воқеъ дар ҷануби Тел-Авив, дар маркази сарзаминҳои ишғолӣ шунида шудааст, гуфт, ин таркишҳо боиси тарсу ваҳшати мардум шудааст.
Таркиши автобусҳо дар Исроил дар ҳолест, ки тайи чанд ҳафта боз оташбас миёни Ҳамосу Лубнон бо Исроил барқарор шудааст. Тайи чанд ҳафтаи ахир Ҳамос ва Исроил ба табодули асирон машғуланд. Рӯзи гузашта Ҳамос ҷасади чанд асири кушташудаи фаластиниро ба Исроил супорид. Ҳамос эълон кард, ки дар рӯзҳои оянда 6 асири исроилиро озод хоҳад кард.
Исроил низ тавофуқ кардааст, ки дар рӯзҳои оянда 62 асири фаластиниро озод кунад.
Тибқи гузориши расонаҳо Исроил бо вуҷуди оташбас баъзе манотиқи Ғазза ва Каронаи Бохтариро бомбаборон мекунад. Чанд рӯз қабл, Исроил дубора Ғаззаро бомбаборон кард.
Ҳамчунин, ҳамлаҳои ҳавоии Исроил нисбат ба Лубнон низ идома дорад. Мақомоти лубнонӣ борҳо аз нақзи оташбас аз сӯйи Исроил изҳори нигаронӣ кардаанд.
Таркиши автобусҳо дар Исроил ҳодисаи нодир аст ва вобаста ба он сарвазири Исроил Бенямин Натанёҳу ҷаласаи изтирорӣ баргузор кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка