Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҳавопаймоҳои Исроил ду кишварро бомбаборон карданд
Расонаҳои арабӣ гузориш медиҳанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил чанде қабл ҳадафҳоеро дар атрофи шаҳри Ҳумси Сурия ва минтақаи Холиди Лубнон бомбаборон карданд.
Маркази ҳуқуқи башари Сурия гузориш дод, ки як ҳавопаймои ҷангии Исроил ба минтақаҳои марзии байни Сурия ва Лубнон ҳамла кард ва гузаргоҳҳои миёни ду кишвар аз самти Холид ва Ҳумсро мавриди ҳадаф қарор дод.
Тибқи иттилои расонаҳо Исроил аз оғози соли 2025 яксилсила ҳамлаҳои ҳавоиро дар қаламрави Сурия ва Лубнон анҷом додааст. Баъди суқути ҳукумати Башор Асад Исроил махзани аслиҳаҳои ҳукумати Башор Асадро бомбаборон карда, нобуд намуд.
Дар ин муддат, маркази ҳуқуқи башари Сурия 12 ҳамлаи Исроилро мушоҳида кардааст, ки 10 –тои он ҳамлаи ҳавоӣ ва 2-тои дигараш ҳамлаи заминӣ будааст. Ин ҳамлаҳо боиси маҷруҳ шудани шуморе аз шаҳрвандони Сурия ва нобудшавии 12 ҳадаф, аз ҷумла анборҳои аслиҳа ва муҳимот, қароргоҳҳо, марказҳо ва мошинҳо шудаанд.
Исроил бо Лубнон оташбас кард, вале ҳанӯз ҳам дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад. Як қисми неруҳои низомии Исроил ҳанӯз дар хоки Лубнон қарор доранд. Ҳукумати нави Лубнон борҳо хостори тарки неруҳои исроилӣ шудааст. Чанде қабл президенти Лубнон гуфта буд, ки ҳузури низомиёни Исроил дар хоки Лубнон ба маънии ишғол аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка