Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Боздошти узви ӯзбекистонии ДОИШ бо ҳадафи ҳамла ба мактаб ва канисаи яҳудиён дар Туркия
Мақомоти полиси Истамбул хабар медиҳанд, як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки узви шохаи хуросонии ДОИШ будааст, ба гумони ҳамла ба мактабҳо ва канисаи яҳудиён дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шудааст.
Мақомоти полиси Туркия гуфтаанд, ки террористи боздоштшуда чанде қабл бо низоми раводид вориди хоки Туркия шудааст.
Қабл аз ин, идораи мубориза бо терроризми полиси Истамбул иттилоъ дарёфт карда буд, ки эҳтимоли анҷом додани ҳамлаи террористӣ дар ин шаҳр вуҷуд дорад. Баъди дарёфти иттилоъ, неруҳои амниятии Туркия тавонистанд ба шабакаҳои паёмрасонӣ ва почтаи электронии аъзои ДОИШ дастрасӣ пайдо намоянд.
Мақомоти полиси Туркия гуфтаанд, баъди ошкор шудани мукотиба ва гуфтугӯҳои рамзии муттаҳамон маълум шуд, ки шахсе бо номи Абдумалик - шаҳрванди Ӯзбекистон мақсади анҷом додани амалиёти террористӣ дар Туркияро дорад.
Мақомоти полиси Туркия гуфтаанд, ки Абдумалик ба воситаи яке аз кишварҳои аврупоӣ ба таври қонунӣ вориди хоки Туркия шудааст.
“Бо дастури яке аз афроди муҳимми шохаи хуросонии ДОИШ барои анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, бахусус бар зидди канисаҳо ва мактабҳои яҳудиён ба Туркия фиристода шудааст”- таъкид намудааст полиси Туркия.
Дар ҳафтаҳои ахир Туркия бо гузаронидани амалиётҳои густурда даҳҳо нафар гумонбарони узвият дар гурӯҳи террористии ДОИШ-ро боздошт кардаанд. Қаблан, полиси Туркия хабар дода буд, ки 150 гумонбар ба узвияти ДОИШ-ро дар қаламрави кишвар боздошт намудааст.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия иттилоъ дод, ки дар давоми даҳ моҳи ахири соли 2024 тақрибан 600 нафарро бо гумони узвият ба ДОИШ боздошт кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка