4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:43, Душанбе
19.02.2025 11:52

Аёдати Қоҳир Расулзода аз Фарзонаи Хуҷандӣ дар Эрон

Субҳи имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, шоири номдори Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандиро, ки дар яке аз бемористонҳои шаҳри Теҳрон табобат мегирад, аёдат намуд.

Дар ин бора расонаҳои Эрон хабар дода, таъкид кардаанд, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни боздид аз Беморхонаи шаҳри Теҳрон ба аёдати Фарзонаи Хуҷандӣ низ расидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Фарзонаи Хуҷандӣ, шоири хушноми тоҷик бо мақсади табобат дар Теҳрон қарор дорад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи дирӯз, 18-уми феврал дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодии Хазар бо президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дидор намуд.

Ёдовар мешавем, ки сарвазири Тоҷикистон барои иштирок дар Ҳамоиши иқтисодии Хазар вориди Эрон шуда, бо мақомоти олии ин кишвар суҳбат ва музокирот анҷом дод. Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода дар Ҳамоиши иқтисодии Хазар ба унвони меҳмони вижа ширкат ва суханронӣ намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо