4 Октябр 2026,
якшанбе, 11:59, Душанбе
18.02.2025 17:34

Дар Қирғизистон бемориҳои шадиди роҳҳои нафас афзоиш ёфтааст

Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар як ҳафтаи ахир бемориҳои роҳҳои нафас 3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бар асоси иттилои Департаменти пешгирии бемориҳо ва назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Қирғизистон аз 19 то 16-уми феврали соли 2025 дар Ҷумҳурии Қирғизистон 10796 ҳолати сирояти бемориҳои роҳҳои нафас ва 73 ҳолати зуком ба қайд гирифта шудааст.

Аз миёнаи декабри соли 2024 мавсими зуком мушоҳида мешавад, ки асосан аз ҷониби вируси зукоми А/(Н1N1) (2009)- 66%, зукоми В-29,3 фоиз ва COVID -19 – 4, 7 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқотии лабараторӣ аз моҳи октябр гардиши вирусҳои шадиди роҳҳои нафас ба мушоҳида мерасад:

Вируси респиратории синтитсиалӣ-28 %

Риновирус-26,6%

Аденовирус-13 %

Вирусҳои прагрипп -11, 9%

Дигар сироятҳои вирусӣ -20, 5%

Қаблан мақомоти тандурустии Қирғизистон иттилоъ дода буданд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории сурхакон дар ин кишвар бисёр шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо