Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Пизишкиён: “Трамп мегӯяд музокира кунем, аммо нақшаи ба зону задани моро имзо мекунад”
Дар маросими пирӯзии Инқилоби исломӣ, ки дар Эрон бо раҳпаймоии миллионнафарӣ баргузор гардид, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба суханони Доналд Трамп дар хусуси ин ки агар Эрон музокира накунад, бомбаборон хоҳад шуд, вокуниши қатъӣ нишон дод.
Дар ин раҳпаймоӣ ширкаткунандагон бо ишорҳои зиддиамрикоиву зиддиисроилӣ ширкат намуданд. Дар раҳпаймоӣ аксҳои Исроил, Амрико ва Британияи Кабир дар танаи ҳайвонот кашида шуда буд.
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни суханронӣ таъкид кард, ки Эрон зери бори фишорҳо нахоҳад рафт.
“Трамп мегӯяд, биёед гуфтугӯ кунем, вале ҳамаи тавтеаҳои имконпазирро бар зидди Эрон имзо мекунад” – таъкид намуд президенти Эрон.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп чанде қабл дастури “бисёр сахтгирона” –еро барои азсаргирии сиёсати фишори ҳадди аксар бар Ҷумҳурии Исломӣ ва ба сифр расонидани содироти нафти Эронро имзо кард. Ӯ гуфт, ки Эрон дигар наметавонад нафтро ба кишварҳои дигар бифурӯшад.
“Муддаии музокираӣ? Пас ин ғалатҳо чист? Мегӯяд, ман дилам намехоҳад, аммо тамоми роҳҳоро дар тамоми заминаҳо мебандад, дору, ғизо ва обро. Ғофил аз ин ки як умр аст, ҳамин корҳоро анҷом додаанд”- афзуд президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Ӯ ҳамчунин, таъкид кард, ки суханони Алии Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон меъёри сиёсатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка