Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Қосим-Жомарт Токаев: “Ҷавонон дар бунёди Қазоқистон нақши калидӣ хоҳанд дошт”
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Форуми ҷавонон “Жана адамдар” (Одамони нав) суханронӣ ва бо иштроккунандагони он мулоқот намуд.
Дар ин хусус Дафтари матбуоти президенти Қизоқистон хабар дода, таъкид кардааст, ки Қосим-Жомарт Токаев нақши фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии Қазоқистонро махсусан арзёбӣ кард.
Президенти Қазоқистон бо зикри ташаббусҳои муҳимми ҷавонон афзуда, ки онҳо дар бунёди Қазоқистони шукуфон нақши калидӣ хоҳанд дошт.
Қосим-Жомарт Токаев замони кунуниро марҳилаи тақдирсоз дар таърихи Қазоқистон номида, ҷавононро барои ноил шудан ба ҳадафҳои баланд, аз ҷумла рушди ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва иштироки фаъолона дар ташаббусҳои экологӣ даъват намудааст.
“Қазоқистон бояд ба давлате табдил ёбад, ки на танҳо аз дигарон омӯзад, балки дигарон низ аз он омӯзанд”- гуфт Қосим-Жомарт Токаев.
Президенти Қазоқистон таъкид карда, ки ба иттиҳоди миллӣ, неруи ҷавонон ва иқтидори зеҳнии онҳо бовар дорад ва дар муттаҳидӣ метавон “Қазоқистони одилона” –ро бунёд сохт, то барои дигарон намуна бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад