Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Кашфи беш аз 13 тонна ҷорӯби пур аз маводи мухаддир дар марзи Ӯзбекистон бо Афғонистон
Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон хабар дод, ки 600 килову 12 грамм маводи мухаддир бо арзиши тахминии 16,5 миллион долларро дар марзи Ӯзбекистон бо Афғонистон кашф кардааст.
Тибқи иттилои Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон қочоқбарон нақша доштаанд аз тариқи гузаргоҳи Сурхандарёи Ӯзбекистон ҳаҷми зиёди маводи мухаддирро қочоқ кунанд. Қочоқбарон маводи мухаддирро дар бастаҳои ҷорӯб ҷой дода, талош доштаанд, ки онро ба Ӯзбекистон интиқол диҳанд.
Расонаҳои ӯзбекистонӣ рӯзи душанбе, 10-уми феврал бо такя ба Хадамоти матбуоти Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон хабар доданд, ки садҳо килограмм чарс дар гузаргоҳи минтақаи Сурхандарё, дар марзи ин кишвар бо Афғонистон кашф шудааст.
Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон хабар медиҳад, як мошини боркаши шубҳаовар дар вақти убури марзи Афғонистону Ӯзбекистон, дар истгоҳи “Айратум” боздошт шуда, ки он 13,5 тонна ҷорӯбро мехост вориди Ӯзбекистон кунад.
Бар асоси иттилои мақомоти амнияти Ӯзбекистон дар мошини боркаш 180 халта ва 22 ҳазору 500 ҷорӯб мавҷуд буд. Дар беш аз 3 ҳазор дастаи ҷорӯбҳои бастаҳои пластикии маводи мухаддир пинҳон шудааст.
Тибқи арзёбии мақомоти Ӯзбекистон арзиши бори кашфшудаи маводи мухаддир дар бозори сиёҳ беш аз 16,5 миллион доллар тахмин зада мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад