3 Октябр 2026,
шанбе, 16:23, Душанбе
10.02.2025 12:28

Намоиш-фурӯши китоб дӯстдорону алоқамандони китобро сарҷамъ мекунад

Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми феврал дар пойтахти кишвар намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад.

Тибқи иттилои дастрас, намоиш-фурӯши китоб дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз соати 10:00 то 16:00 доир мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар намоиши мазкур ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳод мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар чунин намоиш-фурӯши китобҳо бархе адибон низ иштирок карда, бо алоқамандони қаламу сухан суҳбатҳо мегузаронанд.

Ин гуна намоишҳои китоб барои дӯстдорони фарҳангу адаб фурсати муносибест, ки китобҳои писандидаашонро аз дасти якум бо сифати баланду нархи дастрас ба даст оранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо