Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Зеленский эътироф кард, ки барояш ҳатто фикр кардан дар бораи қатъи кумакҳои Амрико тарснок аст
Владимир Зеленский, президенти Украина эътироф кард, ки барои ӯ ҳатто фикр кардан ба эҳтимоли қатъи кумакҳои Амрико ба артиши Украина тарснок аст.
Вай ин изҳоротро дар мусоҳибаи ахири худ бо Пирс Морган, рӯзноманигори бритониёгӣ баён кард ва гуфт: “Ман ҳатто намехоҳам тасаввур кунам, ки дар ин сурат чӣ хоҳад шуд - агар даргирӣ идома пайдо кунад, аммо дигар ба унвони ҷанги Русия бар зидди Украина, бидуни ҳимояти Амрико. Ман имрӯз ҳатто ҷуръати натиҷагирӣ дар ин мавридро надорам, ки чӣ чизе мумкин аст, иттифоқ биафтад”.
Илова бар ин, Зеленский таъкид кард, ки таваққуфи кумакҳои Амрико ба Украина мумкин аст боиси коҳиши ирсоли таслиҳот аз сӯйи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ шавад. Ӯ ҳамчунин, муддаӣ шуд, далели бартарии низомии Русия танҳо ин масъала аст, ки Киев кумакҳои кофӣ аз сӯйи ҳамёни ғарбии худ дарёфт намекунад.
Манбаъ: хабаргузории “Тасним”
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад